Мулоқоти Сафир бо вазири иттилоот ва фарҳанги Афғонистон

01.05.2021 16:58

29 апрел мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Афғонистон Саъдӣ Шарифӣ бо вазири иттилоот ва фарҳанги Афғонистон Муҳаммадтоҳир Заҳир баргузор гардид.

Зимни мулоқот масъалаҳои тавсеа ва таҳкими муносибатҳои фарҳангӣ миёни ду кишвари дӯсту бародар мавриди баррасӣ қарор гирифт. М. Заҳир пешниҳод намуд, ки Тоҷикистон ва Афғонистон дар се самти муносибатҳои фарҳангӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намоянд: а) китобхонаҳои миллӣ, китобдорӣ; б) масъалаҳои мусиқии мақом ва ҳунарҳои мардумӣ;  в) осорхона, нигораҳо ва омода намудани мутахассисон.

М. Заҳир афзуд, ки тибқи таҳлилҳо ва натиҷагириҳои бахши СММ оид ба  илм, маориф ва фарҳанг, саҳми Тоҷикистон дар ин бахшҳо 3 дарсади тавонмандиҳои ҷаҳонро дар радифи кишварҳои Ҳинд, Чин, ИМА, Эрон, Финландия ва Швейтсария ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳандаи қобили мулоҳиза ба шумор меравад.   

С. Шарифӣ қайд намуд, ки дар Тоҷикистон масъалаҳои рушду истифодаи муассисаҳои фарҳангию илмӣ ва маърифатӣ зери роҳбарии Президенти мамлакат аз авлавиятҳои сиёсати дохилии кишвар ба шумор меравад. Вай баргузории намоишгоҳҳои фарҳангиро дар кишварҳои ҳамдигар аз омилҳои муҳимми ҳамкорӣ дар арсаҳои китобдорӣ, осорхона ва мусиқии мақом арзёбӣ намуд. Пешниҳод шуд, ки масъалаи мазкур ба рӯзномаи ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, иҷтимоӣ ва техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон шомил карда шавад.

01-05-21.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg