Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои хориҷии Афғонистон

04.05.2021 23:08

4 майи соли 2021 мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Афғонистон бо Вазири корҳои хоиҷии Афғонистон Муҳаммадҳаниф Атмар баргузор гардид, ки зимни он перомуни ҳамкориҳои густурда ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба миёни ду кишвари дӯсту ҳамсоя табодули назар сурат гирифт.

М.Атмар аз созмондиҳии сатҳи олии Конфронси нуҳуми вазирони корҳои хориҷии “Қалби Осиё-Раванди Истанбул” дар Душанбе (29-30.03.21) изҳори сипос намуда, мулоқоти сеҷонибаи вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон, Афғонистон ва Эронро дар ҳошияи конфронс бисёр бамаврид ва муфид хонд.

Дар мулоқот ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва энергетикии ду кишвар, инчунин истифодаи босамар аз стипендияҳои Тоҷикистон барои Афғонистон (ҳамасола 50 адад) мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Safir-bo-M-Atmar.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg