Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Афғонистон дар Анталия

18.06.2021 19:53

18-20 июни соли 2021 дар шаҳри Анталия (Туркия) Нишасти байналмилалии дипломатӣ бо иштироки 12 роҳбари давлат, ҳукумат, вазирони корҳои хориҷӣ, сиёсатмадорони бонуфуз, олимон, тоҷирон ва намояндагони ВАО баргузор мегардад.

Дар доираи нишасти мазкур 18.06.21 мулоқоти вазири корҳои хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири умури хориҷаи ҶИА Муҳаммадҳаниф Атмар баргузор гардид, ки зимни он масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаи ду кишвари ҳамсоя ва дӯсту бародар дар бахшҳои гуногуни ҳамкориҳои сиёсию амниятӣ, иқтисодӣ, саноат, зербиноӣ, хатти оҳан, нақлиёт, тиҷорат, нафту газ ва фарҳанг мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар доираи нишасти маскур мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон муҳтарам С. Муҳриддин бо Абдулло Абдулло – раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии ҶИА, Салоҳиддин Раббонӣ – раиси Ҷамъияти иасломии Афғонистон,  намояндагиҳои дипломатӣ ва арбобони сиёсии кишварҳои дӯсти иштирокчӣ дар назар аст.

18-06-2021.jpeg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg