Мулоқоти Сафир бо Мушовири амнияти миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон

05.07.2021 21:00

5 июл дар шаҳри Кобул мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Афғонистон Саъдӣ Шарифӣ бо Мушовири амнияти миллии Афғонистон Ҳамдулло Муҳиб баргузор гардид. Зимни мулоқот масъалаи вазъият дар минтақаҳои наздисарҳадии Афғонистон бо Тоҷикистон, идомаи даргириҳо ва ақибнишинии неруҳои давлатии Афғонистон ба қаламрави Тоҷикистон баррасӣ шуданд.

Ҳ.Муҳиб ба хотири қабули сарбозони афғон, ки ба Тоҷикистон ақибнишинӣ кардаанд, аз роҳбарияти олии Тоҷикистон изҳори сипос намуд ва қайд кард, ки “мо ҳамеша аз ҷониби кишвари дӯсти Тоҷикистон ва бародарони тоҷикамон дар ҳолатҳои мушкилӣ оғӯши гармро эҳсос кардаем”.

Дар идомаи мулоқот Сафири Тоҷикистон зикр кард, ки дар шароити кунунӣ масъалаи таъмини амният дар сарҳад ва вазъияти амниятии Афғонистон дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти олии Тоҷикистон қарор дорад. Вай илова намуд, ки Тоҷикистон хоҳони поёни ҷанг ва ҳалли қазияи Афғонистон аз роҳи музокира аст.

06-07-2021.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg