Мулоқоти Сафир бо Вазири давлат дар умури сулҳи Афғонистон

14.07.2021 17:25

14 июл дар шаҳри Кобул мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Афғонистон Саъдӣ Шарифӣ бо Вазири давлат дар умури сулҳи Афғонистон Саидсаодат Мансур Нодирӣ бо дархости ҷониби афғонӣ баргузор гардид. Зимни мулоқот мавзӯи раванди сулҳи Афғонистон ва вазъият дар минтақаҳои наздисарҳадии Афғонистон бо Тоҷикистон баррасӣ шуданд.

С.Нодирӣ ба хотири қабули сарбозон ва ғайринизомиёни афғон, ки ба Тоҷикистон ақибнишинӣ кардаанд, аз роҳбарияти Тоҷикистон изҳори сипос намуд. Вай дар идома таҷрибаи тоҷиконро дар барқарории сулҳ дар соли 1997 арзишманд хонд ва хоҳони истифода аз ин таҷриба шуд.

Дар идомаи мулоқот Сафири Тоҷикистон вазъияти кунунӣ дар минтақаҳои наздисарҳадии Афғонистон бо Тоҷикистонро нигаронкунанда хонд ва илова намуд, ки Тоҷикистон хоҳони поёни ҷанг, пеш бурдани музокира байни тарафҳои даргир ва ёфтани роҳи ҳаллест, ки мавриди қабули ҳамаи сокинони Афғонистон  бошад.

14-07-2021.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg