Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Вазири корҳои хориҷии Афғонистон

15.07.2021 13:15

14 июли соли 2021 дар Душанбе мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ҳаниф Атмар доир гардид. Дар мулоқот роҷеъ ба масъалаҳои вазъи минтақа ва Афғонистон, раванди музокироти байниафғонӣ, робитаҳои байни Тоҷикистон ва Афғонистон дар соҳаҳои гуногун табодули афкор сурат гирифт.

Изҳор гардид, ки муборизаи муштарак бо терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводди мухаддир самти муҳимми ҳамкорӣ байни ду кишвар мебошад. Таъкид гардид, ки Тоҷикистон дар шароити душвори имрӯза мардуми бародари Афғонистонро танҳо намегузорад.

Тоҷикистон ва Афғонистон дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони ҳамкории исломӣ ва ғайра бомуваффақият ҳамкорӣ мекунанд. Ҷонибҳо аз сатҳи баланди робитаҳои сиёсии байни ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карданд.

15-07-2021.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg