Мулоқоти Сафир бо Директори Шӯрои Норвегия оид ба паноҳандагон дар Афғонистон

19.07.2021 15:37

19 июли соли 2021 дар шаҳри Кобул мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Афғонистон Саъдӣ Шарифӣ бо Директори “Шӯрои Норвегия оид ба паноҳандагон” дар Афғонистон хонум Астрид Слеттен бо дархости ҷониби норвегӣ баргузор гардид.

А.Слеттен ба иқдоми Тоҷикистон дар паноҳ додан ба гурезаҳои низомӣ ва ғайринизомии афғон дар рӯзҳои гузашта ва ҳамзамон риояи тамоми ҳуқуқи онҳо ҳамчун гурезаҳои иҷборӣ баҳои баланд дода, ин амалро боиси афзоиши обрӯи Тоҷикистон дар саҳнаи ҷаҳонӣ хонд. Вай дар идома вазъи имрӯза ва ояндаи Афғонистонро басо ташившовар хонд ва хоҳони ҳамкории Ҳукумати Тоҷикистон бо Шӯрои Норвегия оид ба паноҳандагон дар мавриди расонидани кумак ба фирориён ва беҷошудагони дохилии Афғонистон шуд.  

Сафири Тоҷикистон дар Афғонистон С.Шарифӣ талошҳои ин ниҳоди норвегиягиро барои кумак ба мардуми Афғонистон дар чунин рӯзҳои душвор мавриди ситоиш қарор дод ва таъкид намуд, ки Тоҷикистон аз ҳар ибтикори байналмилалӣ барои кумаки башардӯстона  ба мардуми Афғонистон ва низ таъмини сулҳ дар ин кишвари ҳамсояву ҳамзабон ҳимоят мекунад.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg