Нашри мақола дар рӯзномаи Афғонистон роҷеъ ба омодагии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон

23.07.2021 19:09

Рӯзномаи маъруфи Афғонистон “8-и субҳ” дар шумораи рӯзи 23 июли соли 2021-и худ мақолаи мусавваре аз омодабоши ҷангии неруҳои Тоҷикистон (дар рӯзи 22 июл) ба нашр расонд.

Мақола бо унвони “Тоҷикистон 20000 неруро дар марз бо Афғонистон ҷойгир кард” менависад, ки “субҳи 22 июл бо Фармони Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бори аввал дар таърихи ин кишвар 100 ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва 130 ҳазор нафар афсарону сарбозони ҳайати захираҳои сафарбарӣ, дар маҷмӯъ, 230 ҳазор нафар бо бонги хатар ҷамъ оварда шуда, омодабошии ҷангии онҳо санҷида шуд ва 20 ҳазор нафар афсарону сарбозон иловатан ба минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон фиристода шуданд.

Сипас рӯзнома аз суханони неки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳақи мардуми Афғонистон иқтибос оварда, ёдовар мешавад, ки аз нигоҳи роҳбари Тоҷикистон “барои рух додани ҳодисаҳои фоҷиабори имрӯза дар Афғонистон мардуми ин кишвар, ки соҳиби таърих, тамаддун ва фарҳанги бостонӣ мебошанд, гуноҳ надоранд. Ин равандҳои харобиовар натиҷаи дахолати берунӣ ба корҳои дохилии ин кишвари ҳамсоя аст, ки беш аз чил сол боз идома дорад”.

Рӯзномаи “8-и субҳ” ҳамчунин ишора мекунад, ки Президенти Тоҷикистон махсус таъкид намуданд, ки Тоҷикистон аз неруҳои худ бар зидди ҳеҷ кишвари ҳамсоя истифода нахоҳад кард ва ин омодагӣ барои дифоъ аз сарзамини Тоҷикистон аст. Ин нашрия дар охири мақолаи худ таъкид мекунад, ки ба гуфтаи  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қазияи Афғонистон роҳи ҳалли низомӣ надорад ва он бояд танҳо аз роҳи гуфтугӯ ҳал гардад.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg