Истиқболи давлати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аз изҳороти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

25.07.2021 22:15

Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аз изҳороти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи вазъияти Афғонистон ибрози сипос намуд. Дар баёнияи давлати Афғонистон, ки 25 июли соли 2021 дар сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар нашр гардид, чунин гуфта мешавад:

“Ҷалолатмаоб Эмомалӣ Раҳмон - Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи суханрониаш ба сарбозони он кишвар умедвории хешро дар бораи барқарории сулҳу оромӣ дар Афғонистон эълом намуд. Вай афзуд, ки раҳбарони Афғонистон дар гузашта, бо вуҷуди он, ки дар қаламрави Афғонистон ҷангҳои шадид ҷараён дошт, ба хотири таъмини сулҳ дар Тоҷикистон миёнҷигарӣ карданд, ки дар натиҷа, дар раванди музокироти Тоҷикистон таҳаввули ҳамаҷониба ба миён омад.

Давлати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аз ҳусни ният ва ҳимояти ҳамешагии кишвари дӯст ва бародари Тоҷикистон сипосгузорӣ намуда, як бори дигар бар аҳамияти тақвияти иҷмои минтақавӣ барои мубориза бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез, ки таҳдиди муштарак барои кишварҳои минтақа ва ҷаҳон мебошад, таъкид мекунад”.

25-07-2021.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg