Мулоқоти Сафир бо раиси Раёсати сеюми сиёсии ВКХ Афғонистон

26.07.2021 18:13

26 июли соли 2021 дар бинои Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон мулоқоти Сафири Тоҷикистон Саъдӣ Шарифӣ бо раиси тозатаъйини Раёсати сеюми сиёсии ин вазорат Муҳаммаднаим Пӯйиш бо дархости ҷониби афғонӣ баргузор гардид.

Дар оғози суҳбат М.Пӯйиш аз ҳамкории бародаронаи давлати Тоҷикистон дар паноҳ додан ба фирориёни иҷбории ҷанг аз Афғонистон, инчунин аз изҳороти хайрхоҳонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи вазъияти Афғонистон (зимни суханронии 22 июл) изҳори сипос намуд. Вай дар идома таъкид кард, ки пас аз шурӯъ ба фаъолияти раисӣ дар Раёсати сеюми ВКХ ҶИА (раёсати ҳамкорӣ бо кишварҳои Россия, Беларус, Украина, Чин, Осиёи Марказӣ ва Қафқоз) аввалин чизе, ки мушоҳида кард, ин аст, ки Тоҷикистон дар болотарин дараҷаи аҳмият дар сиёсати хориҷии Афғонистон қарор дорад.

Сафири Тоҷикистон С.Шарифӣ равобити Тоҷикистону Афғонистонро дорои заминаҳои қавии таърихӣ ва арзишҳову умумиятҳои фаровон дониста, сиёсати тағйирнопазири Тоҷикистонро дар мавриди ҳимоят аз мардуми Афғонистон дар ҳама гуна шароит мавриди таъкид қарор дод. С.Шарифӣ илова намуд, ки равобити Тоҷикистон бо Афғонистон таҳти назари хосси Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Дар идомаи мулоқот ду ҷониб раванди иҷрои Барномаи амали вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар, дигар санадҳои имзошуда, инчунин санадҳои омода барои имзоро мавриди баррасӣ қарор доданд.   

26-07-2021.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg