Мулоқоти Сафир бо раиси Агентии ҳамкориҳои Швейтсария дар Афғонистон

04.08.2021 11:38

3 августи соли 2021 мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Афғонистон Саъдӣ Шарифӣ бо раиси Агентии ҳамкориҳои Швейтсария дар Афғонистон хонум Валбурга Рооз бо дархости ҷониби швейтсарӣ баргузор гардид.

Ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва чашмандози вазъи ояндаи Афғонистонро ба таври васеъ мавриди баррасӣ қарор дода, ҳамкориҳои Сафорат ва Агентиро дар шароити хоси Афғонистон зарурӣ донистанд.

Зикр гардид, ки аз вазъияти имрӯза мардуми оддии Афғонистон шадидан ранҷ мебаранд ва кумакрасонӣ ба онҳо беш аз ҳар вақти дигар зарур аст. Ҳамчунин қайд гардид, ки вазъи амниятии ташвишовари Афғонистон таҳдид ба амнияти кулли минтақа аст. Бинобар ин, бояд даргириҳо ҳарчи зудтар хотима ёфта, қазияи кишвари иқомат аз роҳи гуфтугӯ ҳал гардад ва кишварҳои минтақа ва ҷаҳон тамоми талоши худро дар ин самт муттаҳид созанд.

04-08-2021-1.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg