11 августи соли 2021 мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Афғонистон Саъдӣ Шарифӣ бо Сафири (роҳбари Намояндагии) Иттиҳоди Аврупо дар Афғонистон Андреас Фон Брандт бо дархости ҷониби аврупоӣ баргузор гардид.
Ҷонибҳо зимни таҳлили ҳолати кунунӣ ва вазъи ояндаи Афғонистон, рушди ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупоро дар мавзӯи Афғонистон зарурӣ донистанд.
Ҷониби Иттиҳоди Аврупо бо муҳим хондани нақши Тоҷикистон дар Афғонистон ва минтақа, хоҳони ҳамкории Сафорати Тоҷикистон бо Намояндагии ИА барои идома ёфтани фаъолияти Намояндагӣ дар шароити хосси сиёсӣ ва амниятии Афғонистон дар оянда шуд.