2 сентябр суҳбати телефонии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Котиби давлатӣ оид ба корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва Рушди Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Доминик Рааб баргузор гардид.
Зимни суҳбат ҷонибҳо оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла таҳкими cарҳад ва тағйирёбии иқлим гуфтугӯи судманд намуданд.
Ҳамсуҳбатон ба мавзӯъҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, бахусус вазъ дар Афғонистон таваҷҷуҳ зоҳир карданд.