Мулоқоти Сафир бо сарпарасти Дафтари намояндагии СММ дар Афғонистон

07.09.2021 16:47

7 сентябри соли 2021 дар Кобул мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Афғонистон Саъдӣ Шарифӣ бо сарпарасти Дафтари намояндагии СММ дар Афғонистон (UNAMA) бону Метте Нудсен баргузор гардид.

М.Нудсен бо табрики 30-юмин солгарди истиқлолияти Тоҷикистон, баррасии вазъи Афғонистон ва ҳамкориҳои ояндаи UNAMA бо ҳамсояҳкишварҳои Афғонистонро зарурӣ донист. Вай дар ин росто гуфт, ки аз назари UNAMA, нақши кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, ки то ин дам муҳим буд, аз ин пас муҳимтар хоҳад шуд, бахусус, нақши Тоҷикистон.

Сафири Тоҷикистон мавқеи расмии Тоҷикистонро бо истинод ба суханони Президенти кишварамон дар суҳбат бо вазири корҳои хориҷии Покистон (25.08.21) баён кард ва гуфт, ки Тоҷикистон тарафдори рӯи кор омадани ҳукумати ҳамашумул дар кишвари ҳамсоя аст. Ҳукумате, ки дар он ҳуқуқи занон, озодиҳои фардӣ ва ҳуқуқи дигар ақвом, бахусус тоҷикон, ки беш аз 46 фоизи аҳолии кишвари иқоматро ташкил медиҳанд, эҳтиром ва риоят шавад.

07-09-2021.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg