1 октябри соли 2021 дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи иҷлоси 76-уми Маҷмаи Умумии СММ вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Маъмури Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид Ахим Штайнер баргузор гардид.
Дар мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Барномаи рушди СММ ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки ин ниҳоди СММ дар кишвари мо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Инчунин дар рафти мулоқот Сироҷиддин Муҳриддин дар робита ба расонидани кумаки башардӯстона ба аҳолии Афғонистон таъкид кард, ки кумаки ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд бевосита ба мардуми Афғонистон, ба вежа аҳолии вилояти Панҷшер расонида шавад.