1 октябри соли 2021 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҳошияи Мубоҳисаҳои умумии иҷлоси 76-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар ш. Ню-Йорк бо Дабири кулли СММ Антониу Гутерреш мулоқот намуд.
Зимни суҳбат ҷонибҳо маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистону СММ-ро дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла, сиёсӣ, иқтисодию-иҷтимоӣ, гуманитарӣ, муҳитизистӣ ва амният мавриди баррасӣ қарор дода, аҳаммияти таҳкими равобити бисёрҷонибаро таъкид карданд.
Муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ, инчунин вокуниши муассир ба паёмадҳои иқтисодӣ-иҷтимоии ҳамагирии COVID-19, тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба захираҳои об аз мавзӯъҳои меҳварии мулоқот буданд.
Ҳамсуҳбатон ба расонидани кумаки фаврии гуманитарӣ ба аҳолии Афғонистон ва тақвияти ҳамкории байналмилалӣ барои роҳ надодан ба фоҷеаи гуманитарӣ дар ин кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Вазири корҳои хориҷӣ зикр намуд, ки Тоҷикистон ҳукумати фарогирро бо шумули ҳамаи гурӯҳҳои сиёсӣ ва қавмӣ дар Афғонистон эътироф мекунад.