Таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ЮНЕСКО

18.03.2022 18:56

17 марти соли 2022 бо ибтикори намояндагиҳои доимии кишварҳои ҳавзаи Наврӯз (Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Озарбойҷон, Ироқ, Ҳиндустон, Покистон, Туркия, Туркманистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон) дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид оид ба маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) дар ш.Париж ба муносибати Рӯзи байналмилалии Наврӯз чорабинии бошукӯҳи идона доир гардид. 

Дар чорабини Мудири кулли ЮНЕСКО хонум Одрӣ Азуле иштирок ва суханронӣ намуда, кулли кишварҳои таҷлилкунандаи Наврӯзро самимона табрику таҳният гуфт.

Сафорати Тоҷикистон дар Фаронса ва Намояндагии доимии кишвар дар ЮНЕСКО мизи миллиро бо таомҳои тоҷикӣ ороста, бо мақсади муаррифии бештари кишвар маводу аксҳои таблиғотиро оид ба Тоҷикистон ба маъраз гузоштанд.

Дар чорабинии мазкур масъулони  вазорату идораҳои Фаронса, сафирони дар назди Созмон аккредитатсияшуда, намояндагони Котибот ва сохторҳои мухталифи ЮНЕСКО ва намояндагони дигар ташкилотҳои байналмилалии муқими Фаронса, доираҳои илмӣ-фарҳангӣ, инчунин тоҷикони муқими Фаронса ва дӯстони Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Дар фарҷом барои меҳмонон барномаи фарҳангӣ бо таронаву рақсҳои миллӣ пешкаш гардид.

3.jpg

 

18-03-2022-19-26.jpg

18-03-2022-19-25.jpg

4.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg