03.05.2024 18:30
Тартиби баромадан аз шаҳрвандӣ
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дархостро дар бораи баромадан аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Аризаи шакли муқарраршуда) дар се нусха бо забони давлатӣ бо даст ё бо истифода аз воситаҳои техникӣ пур карда, ба Сафорат пешниҳод менамоянд.
Ба дархост дар бораи баромадан аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои зерин замима карда мешаванд:
- Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шаҳрвандии давлати хориҷиро доштани дархостдиҳанда ё ҳуҷҷати мақомоти ваколатдори давлати хориҷӣ, ки имконияти ба ӯ пешниҳод намудани шаҳрвандии дигарро дар сурати баромадан аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд (бо тарҷумааш ба забони давлатӣ) (асл ва 2 нусха);
- Ҳуҷҷатҳое, ки шахсияти дархостдиҳанда ва доштани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ менамояд (3 нусхаи шиносномаи дохилӣ, шиносномаи хориҷӣ);
- Ҳуҷҷат, ки баровардан аз қайди маҳалли истиқомат ё ин ки аз маҳалли будубош дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ мекунад - дар сурати мавҷуд набудани чунин маълумот дар шиносномаи дархостдиҳанда (асл ва 2 нусха) ;
- Шаҳодатнома дар бораи таваллуд (3 нусха);
- Шаҳодатнома дар бораи никоҳ – дар ҳолатҳои дахлдор (3 нусха);
- Ҳуҷҷат аз мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз рӯи маҳалли истиқомати охирон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон) дар хусуси қарздор набудан вобаста ба пардохти андозҳо (асл ва 2 нусха);
- Ҳуҷҷат аз мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси надоштани доғи судӣ (асл ва 2 нусха);
- Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи нагирифтани даъватнома ба хизмати ҳарбии ҳатмӣ – дар ҳолатҳои дахлдор (асл ва 2 нусха);
- Ҳуҷҷатҳо дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва таҳсилоти олӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон (3 нусха);
- Тарҷумаи ҳол - бо даст навишташуда (3 нусха);
- Чор адад сурати андозаи 4х6 см дар пасманзари сафед;
- Маълумотнома оид ба қайди маҳалли истиқомат дар ҳудуди кишвари хориҷӣ – бо таъмини тарҷумааш ба забони давлатӣ (3 нусха);
- Расид дар бораи пардохти боҷи давлатӣ/боҷи консулӣ (350 евро) дар 3 нусха;
Агар шахс ҳамзамон дар бораи аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадани фарзандони ноболиғ дархост манзур намояд, ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
А) шаҳодатнома дар бораи таваллуди кӯдак (3 нусха);
Б) Розигии хаттӣ ва тариқи нотариалӣ тасдиқшудаи падар ё модар;
В) ҳуҷҷати мақомоти ваколатдори давлати хориҷӣ, ки аз тарафи кӯдак доштани шаҳрвандии дигар ва ё имконияти ба кӯдак пешниҳод намудани шаҳрвандии дигарро дар сурати баромадан аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
Дархостдиҳанда ҳамаи ҳуҷҷатҳои зикргардидаро аз рӯи ҳамин тартиб дар 3 лифофа (скоросшиватель) ҷойгир карда ба Сафорат пешниҳод менамояд.
Эзоҳ: Мӯҳлати баррасии дархост оид ба баромадан аз шаҳрвандӣ (аз рӯзи пурра пешниҳод гардидани ҳамаи ҳуҷҷатҳо) то 1 солро ташкил медиҳад.