13 апрели соли 2015 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Сеул бинои Сафорати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея ифтитоҳ ёфт.
Маросими ифтитоҳи бинои Сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея, ки бо афрохтани Парчами давлатӣ ва садо додани ҳамзамони Суруди миллии Тоҷикистон дар назди он оғоз ёфт, бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, дигар шахсони расмии ҳамроҳи Сарвари давлат, муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея Чо Тае Йол ва масъулини дигари кишвари мизбон ва ҳамчунин бо ҳузури корпуси дипломатии муқими Сеул ҷараён гирифт.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи Сафорати Тоҷикистонро дар Корея омили муҳим барои густариши минбаъдаи муносиботи гуногунҷанбаи ду кишвар номида, изҳори бовар намуд, ки ояндаи наздик, тибқи тавофуқоти ҳосилшуда, Сафорати доиммуқими Корея ва намояндагии Агентии ин кишвар доир ба робитаҳои байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе кушода мешаванд.
Зимни шиносоӣ бо шароити дар бинои сафорат муҳайёгардида Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки натиҷаҳои кори ҳайати дипломатии Тоҷикистон дар ин кишвар аз имрӯз ба баъд бояд бештару беҳтар шавад.
Нишонаи Сафорат:
37, UN village 2-gil, Youngsan-gu, Seoul