17 майи 2024 мулоқоти сафир бо Мудири раёсати омӯзиши забони форсии Донишгоҳи мутолиоти хориҷии Ҳанкуки Корея Саера Квак баргузор шуд.
Зимни суҳбат ҷонибҳо мавзуҳои роҳандозии ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистонро бо Донишгоҳи номбурда ва танзими чорабиниҳои муштаракро ба мақсади тарғиби забони тоҷикӣ байни донишҷӯёни кишвари иқомат баррасӣ намуданд.