9 майи 2024 вохӯрии муовини вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Назар бо муовини вазири саноат ва савдои Ҷумҳурии Корея Бюнг Не Янг баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба тавсеаи ҳамкориҳои саноативу иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни Тоҷикистон ва Корея табодули афкор намуданд.