Вохӯрӣ бо муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея

05.11.2024 00:58

4 ноябри соли 2024 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ дар ҳошияи 17-умин нишасти вазирони корҳои хориҷии Форуми ҳамкории Осиёи Марказӣ - Ҷумҳурии Корея дар шаҳри Сеул бо муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея Ҳонг Кюн Ким мулоқот кард.

Зимни суҳбат ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубиро дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, сармоягузорӣ, маориф, фарҳанг туризм, обу иқлим, инчунин масъалаҳои ҳамкориҳо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ, баррасӣ намуданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg