27 ноябри 2024 раиси ноҳияи Данғара Сиҷоуддин Саломзода аз гармхонаи ҳушманди шаҳри Ичони вилояти Кёнгидо “Smart Farm Essence” боздид намуда, бо мудирияти он вохӯрӣ анҷом дод.
Зимни боздид оид ба имкониятҳо ва истифодаи технологияҳои ҳушманд барои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ маълумоти муфассал пешниҳод гардида, роҳандозии ҳамкорӣ бо Тоҷикистон баррасӣ шуд.