3 декабри 2024 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея Салоҳиддин Киром дар Намоишгоҳи бузурги таъминоти Корея 2024 иштирок намуда, бо раиси Ассотсиатсияи савдои байналмилалии Корея Ҷин Сик Юн мулоқот намуд.
Зимни суҳбат бо раиси KITA мавзуҳои таҳкими ҳамкориҳои судманд миёни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ шуданд.