18-19 декабри 2024 дар доираи барномаи ҳамкории омӯзишии такмили рақамӣ (Korean digital Learning Improvement Cooperation) Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея Салоҳиддин Киром бо мудири раёсати маорифи шаҳри Сеҷонг Чой Гйо Ҷин вохӯрӣ намуд.
Дар доираи барномаи мазкур боздид аз Институти таҳсилоти фаъолият ва муассисаҳои таълимии шаҳри Сеҷонг сурат гирифт.
Маврид ба зикр аст, ки лоиҳаи мазкур бо Вазорати маориф ва илми кишвар татбиқ гардида, ҳамкориҳо дар соҳаи рақамикунонии омӯзиши фанҳо дар мактабҳои миёна ва табодули таҷриба миёни омӯзгоронро дарбар мегирад.