13 январи 2025 сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея Салоҳиддин Киром дар вохӯрии 7-уми дӯстони Бунёди рушди сабз иштирок кард.
Зимни вохурӣ, сафир даъватномаи вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Сироҷиддин Муҳриддинро ба Директори иҷроияи Бунёди рушди сабз хонум Мафалда Дуарте ҷиҳати иштирок дар Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки баргузории он 29-31 майи 2025 дар Душанбе дар назар аст, супорид.