19 июли 2025 дар чорчӯби барномаҳои 2025 Global Diplomacy Camp дар Осорхонаи бисёрфарҳангии Сеул чорабинӣ бахшида ба муаррифии таъриху фарҳанги мардуми тоҷик баргузор гардид.
Дар ифтитоҳи чорабинӣ сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея Салоҳиддин Киром бо ҳозирин роҷеъ ба таърихи куҳанбунёд ва фарҳанги тамаддунофари мардуми тоҷик сӯҳбат кард.
Сипас ба иштирокдорон намогузориш дар бораи таъриху фарҳанг ва пешрафти Тоҷикистон дар замони истиқлол, ки дар партави сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, пешкаш гардид.
Маврид ба зикр аст, ки гӯшаи фарҳангии Тоҷикистон дар ин Осорхона бо мусоидати Сафорат ташкил карда шуда, дар он намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ, либосҳои миллӣ, асбобҳои мусиқӣ намоиш гузошта шудаанд.