4 декабр сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея Салоҳиддин Киром дар чорабинии Академияи миллии дипломатии Корея "Муколама бо сафирон" иштирок кард.
Зимни он Президенти Осорхонаи миллии Корея Ю Ҳонг Ҷун роҷеъ ба таъриху фарҳанги Корея, робитаҳои таърихӣ бо кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла бо Осиёи Марказӣ аз замони Роҳи бузурги абрешим ва сулолаи Шилла маълумот манзур кард.