Иштирок дар Вохурии дӯстони Бунёди иқлими сабз (GCF)

08.12.2025 19:59

8 декабри 2025 сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея Салоҳиддин Киром дар вохурии навбатии дӯстони Бунёди иқлими сабз (GCF), иштирок кард.

Зимни чорабинӣ Директори иҷроияи Бунёди иқлими сабз (GCF) хонум Мафалда Дуарте аз натиҷаҳои фаъолияти Бунёд дар соли 2025 ва нақшаҳои он барои соли оянда гузориш ироа намуд.

Мафалда Дуарте, аз ҷумла зикр кард, ки Ҷаласаи навбатии Шӯрои директорони Бунёди иқлими сабз охири моҳи июни соли 2026 дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg