4 декабри 2025 сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея Салоҳиддин Киром дар брифинги солонаи Вазорати корҳои дохилӣ ва бехатарии Ҷумҳурии Корея ширкат варзид.
Дар чорчӯби чорабинӣ сафир бо Вазири корҳои дохилӣ ва бехатарии Ҷумҳурии Корея Юн Ҳоҷунг сӯҳбат кард, ки зимни он мавзуҳои роҳандозии ҳамкориҳои ин вазорат бо ниҳодҳои дахлдори кишварамон дар самтҳои мавриди таваҷҷӯҳи ҷонибҳо матраҳ гардид.