Муносибатҳои Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Корея

20.11.2023 14:10

Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея 27 апрели соли 1992 барқарор карда шудаанд.

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея моҳи апрели соли 2015 ифтитоҳ ёфтааст ва Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2008 ифтитоҳ ёфтааст. Ҳоло сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея Киром Салоҳиддин Амриддинзода ва сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Квон Донгсок мебошанд.

27 апрели соли 2022 ба муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Корея 30 сол пур шуд.

Заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии ду кишварро 18 санади ҳамкории байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ ташкил медиҳад.

24-25 майи соли 2005 сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Корея сурат гирифт. Дар рафти сафар мулоқот бо роҳбарияти он кишвар ва боздид аз ширкатҳои фаромилӣ баргузор шуд.

12-17 апрели соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани сафари расмӣ ва иштирок дар Форуми 7-уми ҷаҳонии об ба Ҷумҳурии Корея сафар кард.

15-17 июли соли 2019 бо даъвати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ён ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом дод. Зимни он сафар, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвазири Кореяро ба ҳузур пазируфтанд ва инчунин мулоқоти дуҷонибаи ӯ бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси шаҳри Душанбе баргузор гардиданд.

6-8 ноябри соли 2018, муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ба Ҷумҳурии Корея ҷиҳати ширкат дар Форуми байналмилалии “Kor-Asia Forum 2018” сафари корӣ анҷом дод. Дар чаҳорчӯби форуми мазкур мулоқоти муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сарвазири Ҷумҳурии Корея ҷаноби Ли Нак Ён баргузор гардид.

Ҷаласаи 5-уми Комиссияи муштарак оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея 25 октябри соли 2022 дар шаҳри Сеул баргузор гардид.

Баҳри таҳкими муносибатҳои Ҷумҳурии Корея бо минтақаи Осиёи Марказӣ “Форуми ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Корея ва давлатҳои Осиёи Марказӣ” аз соли 2007 фаъолият мекунад, ки барои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Корея аҳамияти зиёд дорад. Ҳамасола дар рафти Форуми мазкур мавзуъҳои мухталифи ҳамкорӣ баррасӣ мегарданд.

30 октябр - 1 ноябри соли 2023 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин дар кори Форуми 16-уми ҳамкории Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея дар ш. Ашқобод иштирок намуд.

Намояндаи доимии Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи апрели соли 2017 ин ҷониб дар Ҷумҳурии Корея фаъолият мекунад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барномаҳои мухталифи Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Корея (KOIСА) иштирок мекунад.

Гардиши мол байни ду кишвар дар нуҳ моҳи соли 2023 беш аз 96 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод.

Ба ҳолати 20.11.2023

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg