Ҳамватанони муҳтарам!

26.02.2021 18:46

Бо арзи эҳтиром ба таваҷҷуҳи Шумо мерасонем, ки Ҳукумати ш. Сеул бинобар ҳамагирии бемории сироятии COVID-19 ташхиси ройгони шаҳрвандони хориҷиро дар минтақаҳои шаҳр ба роҳ мондааст.

Дар ин иртибот, дархост гардидааст, ки ҳадди ақал як нафар аз як оила барои ташхиси ройгон ба яке аз марказҳои ташхисӣ (руйхат замима мегардад) ташриф оварад. Махфияти маълумоти ҳар як шаҳрванди хориҷӣ новобаста аз ғайриқонунӣ истиқомат намудан нигоҳ дошта мешавад.

Хоҳишмандем барои ҳифзи саломатии хеш ва атрофиён иқдом намоед.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg