22 марти 2021 мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея Юсуф Шарифзода бо Роҳбари Агентии иттилоотии Yonhap News Сунг-бу Чо баргузор гардид.
Дар мулоқот ҷонибҳо дурнамои ҳамкорӣ байни Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” ва расонаи мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, таҳкими робитаҳо дар самти иттилоотро зарур шумориданд.