24 июни соли 2013 дар шаҳри Ал-Кувайт пойтахати Давлати Кувайт бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинои Сафорати Тоҷикистон дар ин кишвари арабӣ боз шуд.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро аз ҷониби Давлати Кувайт ҳангоми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бинои сафорати Тоҷикистон Муовини сарвазир, Вазири корҳои хориҷӣ шайх Сабоҳ Алхолид Алҳамад Ассабоҳ ҳамроҳӣ намуд.
Зимни суханронии табрикӣ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон боз шудани бинои нави Сафорати Тоҷикистонро “рӯйдоди муҳим дар рушди муносибот бо Давлати Кувайт” номид.
Бо қаноатмандӣ аз баромадани муносиботи ду кишвар ба сатҳи сифатан нав таъкид гардид, ки барои таҳким ва густариши минбаъдаи ин раванд сафоратҳо ва доираҳои дигари масъули ҳарду давлат бояд пайваста ҷаҳду талош намоянд.