20 декабри 2022 дар бинои Сафорат маросими кушодашавии нахустин хатсайри парвоз байни Кувайт ва Душанбе баргузор гардид.
Дар маросим аъзои корпуси дипломатии муқими кишвари иқомат, намоянадагони ниҳодҳои мухталифи давлатию хусусии Кувайт, ширкатҳои сайёҳӣ, намояндагони ВАО, инчунин масъулини ширкати ҳавоии Ҷазира Эйрвейз ҳузур доштанд.
Зимни сухани ифтитоҳӣ сафир ёдовар шуд, ки дар пайи тадбирҳои муассир ва талошҳои анҷомдодаи Сафорат бар мабнои дастуру супоришҳои роҳбарияти олии кишвар шурӯъ аз охири моҳи декабри соли равон парвозҳои мустақими ҳавоӣ пойтахтҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайтро ба ҳам мепайвандад.
Зикр гардид, ки роҳандозии парвози мустақим дар тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва сайёҳӣ нақши муассир дорад. Изҳори умед гардид, ки баъди шуруи парвозҳо гардиши тиҷоратӣ ва рафту омади сайёҳон аз ҳарду тараф афзоиш хоҳад ёфт.
Инчунин дар чорабинӣ аксҳои мавзеъҳои сайёҳӣ, манзараҳои диданибоб ва маводҳои гардишгарии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуд.