Муносибатҳои дуҷониба миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт

31.01.2024 08:09

Муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт 31-уми марти 1995 ба роҳ монда шуданд.

23-юми июни соли 2013 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин кишвар расман ба фаъолият шуруъ намуд.

Зубайдзода Зубайдулло Наҷот Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт (аз 02.10.2013 инҷониб) ва Нассар Абдулраҳман Ал-Мутайрӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар ш. Исломобод аз 11.04.2017 инҷониб) мебошанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чор маротиба (17-19-уми апрели 1995, 23-25-уми июни 2013, 15-17-уми майи 2016 ва 3-5-уми ноябри соли 2024) бо сафарҳои расмиву давлатӣ ва корӣ аз Давлати Кувайт боздид намуданд.

17-уми октябри 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар нишасти сарони кишварҳои узви «Муколамаи ҳамкориҳои Осиё» ба Давлати Кувайт сафар карданд.

То имрӯз чор ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Кувайт оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ (23-24-уми майи 2013, ш. Душанбе, 18-19-уми декабри 2017, ш. Ал-Кувайт, 19-22-уми сентябри 2022, ш. Душанбе ва 4-6-уми феврали 2025, ш. Ал-Кувайт) баргузор шуд.

22-уми ноябри соли 2014 боздиди расмии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин аз Давлати Кувайт сурат гирифт.

Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт дар соли 2014 таъсис дода шудааст.

19-22-уми декабри 2015 ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Давлати Кувайт сафари расмӣ анҷом дод.

То кунун се ҷаласаи машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар (27-уми апрели 2015, ш. Ал-Кувайт, 4-5-уми апрели 2016, ш. Душанбе ва 2-уми апрели 2018, ш. Ал-Кувайт) доир гардидааст.

Заминаи шартномавию ҳуқуқӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайтро айни замон 27 санади ҳамкорӣ ташкил медиҳад.

11-13-уми ноябри 2019 сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода ба Кувайт баргузор гардид. Дар остонаи сафари мазкур Форуми сармоягузории “Фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва муаррифии зарфият ва имкониятҳои сайёҳии кишвар барпо шуд.

16-уми июли 2021 дар ҳошияи Конфронси байналмилалии “Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ: Ҳамбастагии минтақавӣ – чолишҳо ва имкониятҳо” ва 15-уми апрели соли 2024 дар ҳошияи Нишасти дуюми муколамаи стратегии вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷи Форс дар шаҳри Тошканд мулоқотҳои вазирони корҳои хориҷии ду кишвар баргузор гардиданд.

13-19-уми октябри соли 2019 Рӯзҳои фарҳанги Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 11-14-уми ноябри 2024 Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт баргузор гардид.

7-уми декабри 2021 ва 22-уми августи 2024 дар ш. Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мудири кулли Фонди Кувайт оид ба рушди иқтисоди кишварҳои арабро ба ҳузур пазируфтанд.

30-уми июни соли 2023 муовини Сарвазир ва вазири мудофиаи Давлати Кувайт Шайх Аҳмад Фаҳд Ал-Аҳмад Ас-Сабоҳ ба Тоҷикистон сафар карда, бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқот дошт.

25-уми сентябри 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Валиаҳди Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ             Ал-Холид Ал-Ҳамад ал-Муборак Ас-Сабоҳ дар шаҳри Ню-Йорк мулоқот намуданд.

3-уми ноябри 2024 сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Кувайт сурат гирифт. Дар рафти он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Амир, Валиаҳд, муовини якуми Сарвазир ва вазири мудофиа, вазиронии корҳои дохилӣ ва хориҷӣ ва мудири кулли Фонди Кувайт оид ба рушди иқтисоди кишварҳои араб вохӯрӣ анҷом доданд.

4-уми ноябри 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси байналмилалӣ оид ба мубориза бо терроризм ва эҷоди механизмҳои самараноки амнияти сарҳадӣ - марҳалаи кувайтии “Раванди Душанбе” дар шаҳри Ал-Кувайт иштирок ва суханронӣ карданд.

12-16-уми майи 2025 сафари ҳайати кишвар таҳти роҳбарии муовини Сарвазир У. Усмонзода ва вазири молияи ҶТ Ф. Қаҳҳорзода ба Кувайт баргузор гардид.

20.02.2026

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg