Ҷаласаи СААД оид ба коркарди Барномаи мақсадноки таҳкими сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон

02.03.2024 07:51

Аз 27 феврал то 1 марти соли 2024 дар шаҳри Москва таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи муштараки вазорату идораҳои давлатҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва аъзои Гуруҳи корӣ ҷиҳати такмили Барномаи мақсадноки байнидавлатии СААД оид ба таҳкими сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон баргузор гардид.

Дар рафти ҷаласа давлатҳои узв лоиҳаҳои Барнома ва қарорҳои мақомоти СААД-ро коркард намуда, бастаи ҳуҷҷатҳоро ба Шурои доимии Созмон барои қабули қарор оид ба гузаронидани мувофиқасозии ҷамъбастӣ манзур карданд.

Чорабинӣ дар фазои созанда доир шуд.

 

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg