Дар Душанбе Форуми оби Африқо баргузор шуд

15.06.2024 12:23

10 июни соли 2024 дар доираи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028 (10-13 июни 2024) дар Душанбе Форуми оби Африқо баргузор гардид.

Дар рафти Форум муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода суханронӣ карда, иброз дошт, ки «Тоҷикистон омода аст бо кишварҳои Африқо, Шурои вазирони Африқо оид ба об ва дигар ниҳодҳои махсуси қитъаи Африқо ҷиҳати ҳалли масъалаҳои глобалии об ҳамкорӣ кунад». 

Форум аз ҷониби Комиссияи Иттиҳоди Африқо, Шурои вазирони захираҳои оби Африқо, Ҷумҳурии Арабии Миср ва Ҷумҳурии Сенегал бо мақсади баррасии пешрафт дар татбиқи мавқеи умумии Африқо ва пайомадҳои калидии он дар Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид баргузор шуд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg