Мулоқот бо мудири кулли Фонди кувайтӣ

22.01.2026 15:56

22 январи соли 2026 мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо мудири кулли Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб Валид Шимлон Ал-Баҳар баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба ҳолат ва дурнамои ҳамкорӣ, афзоиш додани саҳми Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб дар маблағгузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳо ва иншооти муҳимми кишвар, аз ҷумла иштирок дар лоиҳаи сохтмони НБО-и “Роғун”, тармим ва бунёди шоҳроҳҳо ва иштироки намояндагони Фонд дар 4-умин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, 2018-2028 ва дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро муҳокима намуданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg