

26 январи соли 2026 мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдзода Зубайдулло бо раиси минтақаи (вилояти) Ал-Осимаи Давлати Кувайт Шайх Абдуллоҳ Солим Ал-Алӣ Ас-Сабоҳ доир гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва роҳҳои таҳкими он дар соҳаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, рушди сайёҳӣ ва дигар бахшҳои мавриди эҳтимоми муштаракро баррасӣ намуданд.