Иштирок дар «16-умин намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорӣ дар Ховари Миёна»

10.02.2026 11:20

8 феврали соли 2026 дар Давлати Кувайт маросими ифтитоҳи расмии «16-умин намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорӣ дар Ховари Миёна» дар фазои созанда  баргузор гардид.
Дар маросими ифтитоҳӣ вазири маорифи Давлати Кувайт доктор Ҷалол Ат-Табтабаӣ, дуайени корпуси дипломатӣ, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода, роҳбарон ва аъзои корпуси дипломатии муқими кишвар, намояндагони марказҳои илмӣ-тадқиқотии Давлати Кувайт, ҳамчунин намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд.
Зимни баргузории чорабинӣ вазири маорифи Давлати Кувайт доктор Ҷалол Ат-Табтабаӣ аз гӯшаҳои намоишии Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид ба амал оварда, бо дастовардҳои илмӣ, таҳқиқотӣ ва корҳои ихтироъкоронаи олимон ва муҳаққиқони тоҷик аз наздик шинос шуд.
Намоишгоҳи мазкур, ки аз муҳимтарин рӯйдодҳои илмӣ дар минтақа маҳсуб меёбад, бо ҳузури намояндагони зиёда аз 40 кишвари ҷаҳон доир гардида, дар доираи он ҳашт нафар олимон, профессорон ва ихтироъкорон аз донишгоҳҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастовардҳои илмӣ ва корҳои ихтироъкоронаи худро ба маърази тамошо гузоштанд.
Қобили зикр аст, ки фаъолияти намоишгоҳ то 12 феврали соли 2026 идома ёфта, тибқи барномаи пешбинишуда дар фарҷом ба иштирокчиёни барҷаста ҷоизаҳо ва ифтихорномаҳо супорида хоҳанд шуд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg