Сайёҳӣ

06.07.2018 08:10

Сайёҳӣ

Нишондодҳои асосии соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ҷойгиршавӣ: Осиёи Марказӣ

 

Масоҳати умумӣ: 142,6 ҳазор км. кв., 93%-ро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, бо давлатҳои Афғонистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Хитой ҳамсарҳад мебошад

 

Иқлим: минтақаи хушк, зиёда аз 300 рӯзи офтобӣ дар як сол

 

Захираҳои обӣ: тақрибан 1000 дарё, 2000 кӯл, 8000 яхчашмаҳо

 

Мероси фарҳангиву таърихӣ: қисми Роҳи Бузурги Абрешим, шаҳри қадимаи «Саразм» ва Боғи миллӣ дар Руйхати мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид шудаанд

 

Навъҳои фаъолияти сайёҳӣ: кӯҳнавардӣ, варзиши кӯҳӣ, лижаронии кӯҳӣ, этнографӣ, шикор, табобатӣ

 

Гирифтани раводид: оғоз аз 1 январи соли 2022 Тоҷикистон барои шаҳрвандони 52 кишвари ҷаҳон (бо ҳамаи намуди шиносномаҳо) низоми яктарафаи бераводидро (бо иқомат то 30 рӯз) ҷорӣ намуд

 

Ширкатҳои ҳавопаймоии миллӣ: Somon Air, Tajik Air

 

Ширкатҳои ҳавопаймоии байналмилалӣ: Air Astana, China South Airlines, FlyDubai, S7 Airlines, SCAT Airlines, Turkish Airlines, Ural Airlines, Utair, Uzbekistan Airways

 

 

РУШДИ САЙЁҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

 

Таърихи пурғановату мероси бойи фарҳангӣ, табиати нодир ва мавзеъҳои биҳиштосои Тоҷикистон заминаи устувори рушд барои соҳаи сайёҳӣ ба ҳисоб рафта, соҳаи мазкур ба сифати яке аз манбаъҳои боэътимоди рушди иқтисодиёти миллӣ арзёбӣ мегардад.

Аз ин лиҳоз, сайёҳӣ ҳамчун василаи собитшудаи ҷалби сармоягузории дохилию хориҷӣ, соҳаи таъсисдиҳандаи ҷойҳои нави корӣ, манбаи даромади аҳолӣ ва ғанигардонии буҷети давлатӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоӣ саҳми назаррас ихтисос намудааст.

Бо дарназардошти ин омилҳо ва бо мақсади беҳтар намудани вазъи иҷтимоию иқтисодии минтақаҳои кишвар, бо шуғли пурмаҳсул таъмин кардани аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳи фаъолнокии иқтисодии сокинони мамлакат бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон карда шуданд.

Тибқи ҳадафҳои Стратегияи миллии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мероси бойи таърихию фарҳангии Тоҷикистон, табиати нодири он бо кӯлҳо, ҳайвоноту растаниҳои нодир, инчунин кӯҳҳои баланд, омили муҳим барои рушди соҳаи сайёҳӣ ва афзоиши ҳиссаи соҳаи мазкур дар ММД-и кишвар маҳсуб меёбад.

Дар партави сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Пешвои миллат соҳаи сайёҳӣ пайваста рушд ёфта, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самти муҳими стратегӣ ба дастовардҳои назаррас ноил шуд ва дар арсаи байналмилалӣ соҳиби обрӯю эътибори хосса гардид.

Узвияти Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ, пазируфта шудани пойтахти ватанамон - шаҳри Душанбе ба узвияти Федератсияи умумиҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ, эълон гардидани шаҳри Душанбе-пойтахти сайёҳии кишварҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ барои солҳои 2020-2021, ба рӯйхати ЮНЕСКО дохил гардидани мавзеи таърихии “Саразм”, “Боғи миллӣ” ва мероси ғайримоддии фарҳангӣ “Чакан-санъати гулдӯзии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Иди Наврӯз”, “Оши палав”, “Мусиқии Шашмақом” ва “Фалак” далели ин гуфтаҳо буда, симои сайёҳии Тоҷикистон ба ҷаҳониён муаррифӣ гашт.

Бо мақсади пайдо намудани бозорҳои нав намояндагони бахши сайёҳии мамлакат дар калонтарин намоишгоҳҳои сайёҳию тиҷоратӣ ва ҳунармандӣ, ки дар Германия, Британияи Кабир, Малайзия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Фаронса, Кореяи Ҷанубӣ, Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Араб, Кувайт, Қатар, Юнон, Испания, Белгия, Туркия, Федератсияи Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва дигар давлатҳои хориҷи дуру наздик баргузор мегарданд, ширкат варзида, захира ва имконияти сайёҳии мамлакатро ба дӯстдорони сайру саёҳати Тоҷикистон таблиғу ташвиқ менамоянд.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаҳои кишвар инфрасохтори зарурии сайёҳӣ бунёд гардида истодааст, ки барои ҷалби бештари сайёҳон, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии минтақаҳои деҳот ва пайдо гардидани ҷойҳои нави корӣ ва дар маҷмӯъ, рушди устувори сайёҳӣ дар мамлакат заминаи мусоид фароҳам меорад.

Ҳукумати мамлакат барои таъмини ҷолибияти соҳа барои сармоягузорони дохилию хориҷӣ имтиёзҳои зиёд муқаррар намуда, дар марҳилаи аввал барои обод намудани мавзеъҳои сайёҳӣ ва таъсиси инфрасохтори зарурӣ заминаҳои иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ фароҳам овард.

Тибқи санадҳои қабулгардида ширкатҳои сайёҳӣ дар тӯли панҷ соли аввали фаъолият аз андоз аз фоида, воридоти таҷҳизоту техника ва масолеҳи сохтмонӣ барои бунёди иншооти инфрасохтори сайёҳӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шуда, андозаи боҷи гумрукӣ барои воридоти автомашинаҳои нав бо мақсади сайёҳӣ 50 фоиз коҳиш дода шудааст.

Фароҳам овардани имтиёзи андозию гумрукӣ ҳавасмандии соҳибкоронро боз ҳам зиёд намуда, танҳо дар заминаи ин имтиёзҳо имрӯзҳо зиёда аз 30 лоиҳаи инфрасохтории сайёҳӣ дар самтҳои бунёди маҷмааҳои сайёҳӣ, боғҳои фарҳангию фароғатӣ, роҳи танобӣ, меҳмонхонаву осоишгоҳ ва дигар иншооти сайёҳӣ бомаром идома доранд.

Бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва ҳавасмандгардонии соҳибкорони хориҷие, ки ба иқтисодиёти Тоҷикистон зиёда аз як миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ менамоянд, раводиди бисёркаратаи панҷсола ва барои содагардонии рафтуомади ҳамватанони бурунмарзие, ки зодагони Тоҷикистон мебошанд, раводиди бисёркаратаи сесола дода мешавад.

Дар доираи ин чорабиниҳо бренди сайёҳии Тоҷикистон васеъ тарғибу ташвиқ гардида, бо ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ дар самти мутобиқгардонии маҳсулоти сайёҳии мамлакат ба стандартҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ боз ҳам ҷоннок карда мешавад.

Роҳандозии тартиби электронии дастрас намудани раводид ва реҷаи яктарафаи бераводид бо 52 кишвари ҷаҳон, амалӣ гаштани низоми содакардашудаи раводид бо 126 давлат, инчунин аз байн бурдани бақайдгирии дохилии сайёҳон имконият медиҳад, ки сайёҳон ва шаҳрвандони дигари хориҷӣ бе муроҷиат ба ниҳодҳои консулии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар тариқи онлайн www.evisa.tj раводиди электронӣ дастрас намуда, ба ҷумҳурии мо сафар намоянд.

Тибқи арзёбиҳои байналмилалӣ, низоми раводиди электронии Тоҷикистон ба панҷгонаи низомҳои беҳтарини пешниҳоди раводид ворид гардида, зинаи чорумро сазовор гашт.

Дар Тоҷикистон саҳми мақомоти қудратӣ дар таъмини амнияти сайёҳони дохилию хориҷӣ назаррас буда, таъмини истироҳату саёҳати бехатари сайёҳон ҳамеша зери таваҷҷуҳи хос қарор дорад.

Аз соли 2018 инҷониб дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуъбаи милитсияи сайёҳӣ фаъолият мекунад. Ҳамкорӣ ва робитаи мустақим миёни ин шуъба ва ширкатҳои сайёҳӣ ба роҳ монда шудааст, ки дар таъмини дархостҳои сайёҳон саҳми бориз дорад.

Андешидани тадбирҳо барои таъмини бехатарии сайёҳон яке аз ҳадафҳои Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 маҳсуб мешавад.

Ба хотири муҳайё кардани шароити муосири таълимӣ барои тарбияи мутахассисони соҳаи сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ дар заминаи Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Айни замон дар 20 муассисаи таълимии ҷумҳурӣ мутахассисони соҳаи сайёҳӣ ва хизматрасонӣ омода карда мешаванд.

Ҳоло дар бозори хизматрасонии сайёҳӣ 239 ширкати сайёҳӣ, 182 меҳмонхона, 29 ҳостел ва мотел, 49 адад осоишгоҳ, 8 адад маркази муолиҷавӣ ва дармонгоҳи солимгардонӣ, 7 хонаи истироҳатӣ, 1 пансионат, 1 адад кемпинг ва 4 базаи сайёҳӣ ва истироҳатӣ, дар умум 288 иншооти сайёҳӣ фаъолият менамоянд.

Иқлими Тоҷикистон континенталию субтропикӣ мебошад, ки дар кӯҳҳо вобаста ба баландӣ гармӣ муътадил ва сард аст.

Дар як муддати кӯтоҳ метавон аз ҳарорати гармии 40 дараҷа дар ноҳияи Шаҳритус - минтақаи ҷануби кишвар (вилояти Хатлон) ба доманакӯҳҳои пур аз барфи шарқи Помир ташриф овард.

Чунончӣ, соҳили 947 дарёҳо, кӯлҳо, обанборҳо, чашмаҳои маъданӣ, доманакӯҳҳо, минтақаҳои баландкӯҳи Тоҷикистон, Қаротегину Дарвоз, Помир пиряхҳои кӯҳӣ, шаршараҳо, мавзеъҳои табиию таърихӣ, иқлими мусоид, олами наботот ва ҳайвоноти мавзеъҳои куҳӣ ҳастии ин унсурҳои табиию антропологияи географӣ, заминаи устувори ташкили ҳудудии сайёҳӣ гардида, иқтисодиёт ва сатҳи иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистонро ривоҷ медиҳад.

Дар раванди рушди сайёҳии дохилӣ ва байналмилалӣ дар Тоҷикистон зиёда аз 3000 ёдгории таърихию фарҳангии бақайдгирифташуда, барои ворид кардан ба феҳристи сайёҳӣ захираҳои зиёди экологӣ мавриди таҳқиқ қарор доранд.

Тавре маъмул гаштааст, марказҳои маъмуриву сиёсӣ ва пойтахтҳои кишварҳо барои рушди туризм ва инкишофи он нақши ҳалкунанда ва муассирро доро мебошанд. Дар Тоҷикистон низ шаҳри Душанбе аз ҷумлаи шаҳрҳои сайёҳӣ дар минтақа барои сайёҳони минтақавӣ ва ҷаҳонист, ки тавонистааст ҳамаи нишонаҳои куҳани таърихӣ ва фарҳангии худро дар канори ободшавӣ ва сохтмони биноҳои замонавӣ ҳифз кунад.

Душанбе бо таърих, табиат, маданияти меросии худ диққати сайёҳони зиёдро ҷалб намудааст. Ҷалби сармояҳои хориҷӣ дар бунёди меҳмонхонаҳои панҷситорадор, иншооти тиббӣ, боғҳои фарҳангиву фароғатӣ, бунёди биноҳои истиқоматии замонавӣ ва иншооти тиҷоратӣ, чойхонаҳои бо нақшу нигори миллӣ оро додашуда, кохҳои бегазанди бо усулҳои муосир бунёдшуда, китобхонаву осорхонаҳояш, ки беназир дар Осиёи Марказӣ мебошанд, яке аз самтҳои афзалиятноки рушди сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе мебошад.

Бунёди боғҳои умумишаҳрии фарҳангию фароғатӣ, биноҳои баландошёнаи истиқоматию тиҷоратӣ, иншооти «Аквапарк», варзишӣ ва даҳҳо иншооти маданию маишии муосир, пеш аз ҳама, ба рушди сайёҳии дохилӣ мусоидати воқеӣ менамоянд, ки дар шаҳри Душанбе айни ҳол бо марому суръати баланд ва тарзу услуби муосири шаҳрсозӣ идома дорад.

Шаҳри Душанбе ҳамчун дарвозаи асосии қабули сайёҳон ва садҳо ҳазор меҳмонони хориҷӣ ҳамасола рисолати худро барои сайёҳоне, ки ба самти Бадахшон, манзараҳои зебову дидании минтақаи Хатлону Зарафшон, Ромит ва Варзоб равонаанд, ба нуқтаи истиқомати бароҳату фароғатӣ табдил додааст.

Барои баланд бардоштани маданияти хизматрасонӣ дар тарабхонаву воситаҳои нақлиётӣ, маконҳои аввалияи қабули сайёҳон, ба монанди фурудгоҳҳо ва нуқтаҳои марзӣ, истироҳатгоҳҳо, меҳмонхонаву меҳмонсаройҳо ва дигар инфрасохтори иншооти сайёҳӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Фарҳангу суннати меҳмоннавозӣ, либосҳои милливу осорхонаҳои ғановатманд, бозору муҷассамаҳои адибону нобиғаҳои ҷаҳонии тоҷику форс, боғҳову дарахтони сарсабз, тарабхонаҳои миллию аврупоӣ ва шарқӣ, оромгоҳҳову маконҳои фарҳангӣ ва табобатӣ, табиати зебову муҳити тоза ҳамагӣ ҷузъе аз ҷаззобиятҳои сайру саёҳати шаҳри Душанбе ҳастанд.

Тибқи маълумоти оморӣ, ҳоло дар пойтахт фурудгоҳи байналмилалӣ, вокзали роҳи оҳан, вокзали нақлиётӣ, 37 меҳмонхона ва 57 тарабхона, 4 чойхонаи миллӣ, 32 маркази дилхушӣ, 25 бозор ва 91 маркази савдо, 26 мағозаи армуғонфурӯшӣ, 17 боғи фарҳангу фароғатӣ ва 1 боғи ҳайвонот, 14 гулгашт, 5 кӯли шиноварию истироҳатӣ, 204 кошонаи ҳусн ва 201 сартарошхона, 4 кохи фарҳангӣ ва 7 театри касбӣ, 10 осорхонаву 6 китобхона, 6 амфитеатр, 23 ёдгориҳои бостонӣ, монументалӣ ва меъморӣ, 109 ширкати сайёҳӣ, фаввораҳо дар 37 мавзеи пойтахт, 1 Қасри теннис ва маҷмааи варзишии обӣ, кохҳои “Наврӯз”, “Борбад”, “Ваҳдат”, “Сурӯш”, 306 муассисаи табобатию профилактикӣ ҷойгир буда, ҳамарӯза ба садҳо меҳмонони дохиливу хориҷӣ аз рӯйи талаботи онҳо хизмат мерасонанд.

Яке аз баландтарин парчам дар ҷаҳон бо баландии 165 метр маҳз дар шаҳри Душанбе қомат афрохта, дар китоби “Рекордҳои Гиннес” сабт гардида, имрӯз яке аз мавзеъҳои истироҳативу сайёҳии сокинону меҳмонони пойтахт гардидааст.

Дар пойтахт Кохи “Наврӯз”, ки аз намунаҳои олии санъати шаҳрсозии муосир буда, таҷассумгари сабки хоси меъмории миллӣ ба шумор меравад, ҷойгир шудааст. Нақшу нигор ва унсурҳои фарҳанги ороишии он таърихи беш аз 6000-солаи фарҳангу тамаддуни халқи тоҷикро инъикос мекунад ва он ҳамчун муъҷизаи муосири сайёҳӣ эътироф шудааст.

Дар ин радиф Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон яке аз минтақаҳои ҷолиби сайёҳӣ ба ҳисоб рафта, бо рӯдҳо ва дарёчаҳои шӯх, кӯлҳо, кӯҳҳо ва манзараҳои беҳамто дар ҷаҳон шӯҳрати калон пайдо кардааст. Мавҷудияти ҷойҳои таърихию табобатӣ, аз қабили кӯли Сарез, Гармчашма, Авҷ, Ямчун, Ҷелондеҳ, Бибӣ Фотимаи Зуҳро қаторкӯҳҳои баландтарин дар ҷаҳон ва пиряхҳои Помир барои рушди сайёҳии вилоят мусоидат менамоянд.

Баҳри васеъ кардани базаи моддӣ барои будубоши сайёҳони хориҷӣ дар баробари меҳмонхонаҳои замонавӣ дар ҳудуди вилоят зиёда аз 50 меҳмонхонаҳои хурд, аз қабили “Ҳоумстей” ва “Гестҳаус” таъсис дода шудаанд. Меҳмонхонаҳои хурд, ки дар заминаи манзили истиқоматии шаҳрвандони маҳаллӣ таъсис ёфта, ба сайёҳони хориҷӣ имкон медиҳад, ки дар баробари истифодаи ҷойи хоб, аз фарҳанг ва расму оини миллӣ аз наздик шиносоӣ пайдо намоянд.

Ҳамасола сайёҳону кӯҳнавардони зиёд аз қуллаҳои Исмоили Сомонӣ, Истиқлолият, Корженевский, Абуалӣ ибни Сино, пиряхҳои Федченко, Хирсон, кӯлҳо — Қаракӯл, Сарез, Яшилкӯл, Бурункӯл, чашмаҳои шифобахши Ҷелондеҳ, Гармчашма, Авҷ, Биби Фотимаи Заҳро, Модиён, Боғи миллии Тоҷикистон, мамнӯъгоҳи «Зоркӯл», боғи ботаникии Помир дидан менамоянд. Ҳамчунин, сайёҳон аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии вилоят, аз ҷумла қалъаҳои Қаҳқаҳа, Ямчун, Карон, Вамар, мазорҳо ва осорхонаҳо дидан намуда, аз маданияту урфу одати қадимаи мардуми маҳаллӣ огоҳ мешаванд.

Бузи пармашох ё морхӯр аз ҷумлаи он ҳайвоноти нодири Тоҷикистон аст, ки дар ҳудуди ин вилоят парвариш мешавад. Ҳамасола теъдоди довталабони шикори бузи морхӯр ва ҳам сайёҳоне, ки муштоқи дидани манзараҳои зебои ин диёранд, рӯ ба афзоиш мениҳад.

Дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят нуқтаҳои фурӯши ҳунарҳои мардумӣ фаъоланд, ҳунармандон дар чорабиниҳои фарҳангӣ, дар рӯзҳои ташрифи меҳмонони олиқадр ба Бадахшон ва дигар чорабиниҳо дастранҷи хешро ба бозор мебароранд.

Яке аз минтақаҳои ҷолиби сайёҳӣ Тоҷикистон қисмати шимоли вилояти Суғд ба ҳисоб рафта, бо рӯдҳо ва дарёчаҳои шӯх, кӯлҳо, кӯҳҳо ва манзараҳои диданбоби беҳамто дар ҷаҳон шӯҳрати калон пайдо кардааст. Ба рушди соҳаи сайёҳии вилоят мавҷудияти ҷойҳои таърихӣ, аз қабили Саразм, ки зиёда аз 5500 сол арзи вуҷуд дорад, Панҷакенти қадим, зодгоҳи сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс, устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ дар деҳаи Панҷрӯд, кӯҳҳои Фону Арчамайдон, кӯлҳои ба таври афсонавӣ зебои Кӯли Калон, Ҳафткӯл ва дигарон мусоидат менамоянд.

Водии Зарафшон бо ёдгориҳои нодире, чун Саразми бостонию Панҷакенти қадим ва манзараҳои ҷолиби кӯҳҳои Фону кӯлҳои Марғузор, Аловиддин, Кӯли Калон ва Искандаркӯл дӯстдорони таъриху фарҳанг ва табиатро шефтаву мафтун кардааст. Ба ҳавзаи Кӯли Калон кӯлҳои Душоха, Бибиҷаннат, Сиёҳ, Ҷангал дохил мешаванд, ки аз манзараҳои дилкаши водиянд. Табиати афсункори кӯлҳои Аловиддин ва атрофи он ҳар бинандаро тасхир месозад.

Дар водии дарёи Шинг кӯлҳои Марғузор ҷойгиранд, ки ҳар кадом бо ранг ва зебоии хоси худ фарқ мекунад. Ин кӯлҳо дар ҳақиқат муъҷизаи пурасрори табиатанд ва дар мавсими гармо ба мавзеи писандидаи сайёҳони пиёдагарду кӯҳгарди дохиливу хориҷӣ табдил меёбанд. Ҳамчунин, яке аз иншооти ҷолиб Искандаркӯл мебошад, ки дарозиаш 5 километрро ташкил медиҳад. Қариб ду километр поёнтар аз кӯл, аз байни шахҳо, шаршарае аз баландии 30 метр ҷорист, ки ҳар сайёҳ дар орзуи дидани он аст. Ҳамаи ин дороиҳо имкон фароҳам овардаанд, ки Зарафшон на танҳо дар дохил, балки берун аз ҷумҳурӣ ҳамчун беҳтарин минтақаи сайёҳӣ шинохта шавад.

Омӯзиши захираҳои сайёҳӣ нишон медиҳад, ки дар вилоят барои ривоҷ бахшидани сайёҳии табобатӣ — беҳдоштӣ иқтидори бузург дорад. Осоишгоҳҳои “Баҳористон”, “Шифо”, “Соҳил”, “Зумрад”, “Хавотоғ” ва “Авис-сити” миёни сайёҳони дохилию хориҷӣ шуҳрат доранд.

Хатлонзамин бо ёдгориҳои бостонӣ, ки таърихи куҳану асрори ниёконро дар худ нуҳуфтааст, табиати зебову афсункору водиҳои паҳновар, гиёҳҳои шифобахшу чашмасорони мусаффо, меваҳои шаҳдбор ва ҳавои форамаш дили сайёҳонро тасхир намудааст.

Қариб дар ҳамаи ноҳияҳо дар мавсими баҳор сайри табиат ва зиёрати мавзеъҳои таърихии динӣ, ба ҳукми анъана даромадааст. Алахусус мақбараи “Мир Саид Алии Ҳамадонӣ” дар шаҳри Кӯлоб, “Қалъаи Ҳулбук” дар ноҳияи Восеъ, оромгоҳи “Хоҷа Машҳад”-у мавзеи “Чилучорчашма” дар ноҳияи Шаҳритус, оромгоҳи “Зайналобуддин” дар ноҳияи Дӯстӣ, мавзеи мазори “Ҳазрати Султон” дар ноҳияи Ховалинг, мавзеи шаршараи “Сарихосор” дар ноҳияи Балҷувон, мавзеи “Чилдухтарон” дар ноҳияи Муъминобод ва даҳҳо дигар мавзеъҳо таваҷҷуҳи теъдоди зиёди сайёҳони дохилию хориҷиро ҷалб карда истодаанд.

Ҳоло дар қаламрави вилоят 795 ёдгории таърихӣ – фарҳангӣ, бостонӣ ва монументалӣ, 36 осорхона, 37 истироҳатгоҳу осоишгоҳ, 33 боғи фарҳангӣ – фароғатӣ арзи вуҷуд доранд, ки ҳамасола ба онҳо сайёҳони зиёд ташриф меоранд.

Осорхонаи таъриху кишваршиносии 2700-солагии Кӯлоб беҳтарин осорхонаи ин минтақаи кишвар ба шумор рафта, дар он тамошобинон бо ҳунари кулоливу сангтарошӣ, сиккаҳои гуногуни ба замонҳои Куруши Кабир, Исмоили Сомонӣ, сулолаи Темуриён ва тангаҳои мисии асрҳои ХVII – ХIХ тааллуқдошта ошноӣ пайдо мекунанд. Қисматҳои бозубанди мардона, баъзе элементҳои ороишоти занона (ангуштарӣ, дастпона), зиреҳ ва сарнайзаю баъзе олоти ҷангии замони Искандари Мақдунӣ ҷолиби диққатанд.

Яке аз минтақаҳои маъруфи сайёҳии водии Ҳисор, ки нисбатан меҳмонони зиёд ҳамасола аз он дидан мекунанд, “Мамнӯъгоҳи таърихию кишваршиносии Қалъаи Ҳисор” мебошад. Мамнӯъгоҳ осорхонаест зери фазои кушод, ки арзиши беҳамтои таърихӣ, бостоншиносӣ ва меъморӣ дорад.

Дар ин водӣ шаҳри Турсунзода табиати зебою нотакрор ва мавзеъҳои хушбоду ҳаво, боғҳои ангур ва дигар меваҳо, растаниву чашмаҳои шифобахш дорад, ки метавонад барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар шаҳр мавриди истифода қарор гиранд. Бахусус, рушди соҳаи сайёҳии эко-аграрӣ, пиёдагардии куҳӣ, шикор, таърихию фарҳангӣ барои шаҳри Турсунзода хос мебошад.

Имконияти рушди сайёҳӣ дар шаҳр-хоҷагии ҷангалу шикори «Қаратоғ», фермаи «Оҳуи холдор», воқеъ дар базаи хоҷагии ҷангалу шикори «Қаратоғ», боғи таърихӣ-табиии «Ширкент», саёҳати кӯҳӣ дар қаторкӯҳҳои Ҳисор, изи динозаврҳо дар мавзеи «Ширкент», деҳаи қадимаи кӯҳии «Пашми кӯҳна» дорои табиати нотакрор дар дараи «Ширкент» мебошанд.

Бо дарназардошти ташкили боғоти намунавии ангур ва парвариши навъҳои беҳтарин дар баробари меҳмонони сатҳи олӣ ва ҳайатҳои расмии хориҷӣ сайёҳони дохилию хориҷӣ аз боғҳои ангури ин минтақа дидан мекунанд ва онҳо ҳамчун бренди сайёҳӣ муаррифӣ мегарданд.

Дар ноҳияи Шаҳринав ҶСП “Пансионати муолиҷавии Қаратоғ”, мавзеъҳои зебоманзари Пуштимиёна, Патру, Ҳакимӣ, Ойборик, тахти Сулаймон, кӯлҳои Темурдара, Париён, Ҷувозак, зиёратгоҳҳои Чашмаи Моҳиёни Хуҷӣ ва мазори Хоҷа Ҳасан макони беҳтарини сайру саёҳат мебошанд.

Яке аз мавзеъҳое, ки бештар сайёҳонро ба худ ҷалб мекунад, дараи Ромит мебошад, ки бо мавзеъҳои диданӣ, обҳои мусаффову ширин, набототу ҳайвоноти нодир ва иқлими муътадил барои рушди соҳаи сайёҳӣ имконияти васеъ дорад. Дар дараи Ромит ба намудҳои гуногуни сайёҳӣ, аз ҷумла экологӣ, муолиҷавӣ, рекреатсионӣ, кӯҳӣ, сайругаштӣ ва варзишӣ машғул шудан имкон дорад.

Минтақа дорои як қатор чашмаҳои шифобахш, ба монанди “Зайрон” ва “Оби шифо” мебошад, ки дар онҳо бемориҳои узвҳои гуногун табобат мешаванд.

Ноҳияи Варзоб аз наздиктарин ноҳияҳо ба шаҳри Душанбе мебошад, ки барои рушди сайёҳӣ дорои захираҳои бой буда, инфрасохтори мукаммал фароҳам оварда шудааст. Ноҳия дар асоси қарори Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон минтақаи истироҳатӣ, табобатӣ, санаторию курортӣ ва туризм эълон гардидааст.

Дар ноҳия зиёда аз 920 минтақаи истироҳатӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин фаъолияти 65 минтақаи истироҳатии оммавӣ-мавсимӣ буда, фаъолияти якчанд иншооти муҳими сайёҳӣ, ба монанди минтақаҳои истироҳатии «Кохи Малика», «Варзоб Палас», «Гулобод», «Гули майда» ва Маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафед-дара» доимӣ мебошанд. Дар ин минтақаҳо барои қабули сайёҳони дохилию хориҷӣ тамоми шароити муосир фароҳам оварда шудааст.

Дар баробари мавҷуд будани ёдгориҳои таърихӣ, осоишгоҳҳои «Хоҷа оби гарм», «Сароб» ва пансионати «Харангон» фаъолияти доимӣ доранд, ки барои табобат ва истироҳати меҳмонону сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ тамоми шароит бо хизматрасониҳои замонавӣ таъмин карда шудааст.

Водии Рашт яке аз минтақаҳои зебои кишвар буда, бо рӯду кӯлҳои мусаффо, олами нодири ҳайвоноту наботот, кӯҳҳои осмонбӯс ва мардуми меҳмоннавозаш ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи дӯстдорони сайру саёҳат қарор дорад.

Тайи солҳои охир миёни сайёҳон дараҳои хушманзараи Камароб, Тагоба, Қалъанак, Ҷафр, Ҳиҷборак, Ясман ва Ҳоит, ки дар онҳо сайёҳии шикор, экологӣ, кӯҳнавардӣ, рафтинг, пиёдагардиву аспсаворӣ беш аз пеш ривоҷу равнақ меёбад, маҳбубияти хос пайдо намуда, ташрифи сайёҳон ба ин мавзеъҳо меафзояд.

Дар ин минтақа ноҳияи Лахш бо чашмаҳои шифобахш, шаршараҳои зебо, боду ҳавои тоза ва дараҳои зебоманзар машҳур гаштааст.

Азбаски 95 дарсади ҳудуди ноҳияро кӯҳсор ташкил медиҳад, дар ҳудуди он аз соли 2010 экспедитсияҳои байналмилалии кӯҳнавардӣ барои фатҳи қуллаи Исмоили Сомонӣ гузаронда мешаванд. Аз ноҳия ба сӯи ин қулла роҳи махсус аст, ки кӯҳнавардонро ба майдончаи «Москвина» раҳнамун месозад. Зеро табиати ноҳия бештар барои рушди сайёҳии экологӣ ва кӯҳию варзишӣ мусоид мебошад. Экспедитсияҳои мазкур бо иштироки варзишгарону кӯҳнавардони зиёда аз 15 кишвари хориҷӣ доир мегардад.

Дар ноҳия осоишгоҳи «Тандиқул», ки дар масофаи 26 километр дуртар аз маркази ноҳия, дар яке аз дараҳои зебо ҷойгир буда, бо оби гарми шифобахшаш машҳур аст, барои бемориҳои ҷигар, пӯст, асаб, тарбод давобахш мебошад. Оби чашма аз таги замин фаввора зада мебарояд ва 95 дараҷа гармӣ дорад. Ҳамагӣ 2 метр дуртар аз он чашмаи оби хунук ҷорӣ аст, ки ба ҳар шахс ҳаловати тоза мебахшад.

Дар водии Рашт ноҳияи Сангвор бо иқлим, табиат, ҳавои тозаи кӯҳсор, чашмаҳои шаффоф барои ташкили осоишгоҳҳои табобатӣ, экотуризми сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ мувофиқ мебошад.

Агросайёҳӣ низ дар Тоҷикистон дар ҳоли рушд қарор дошта, ҳанӯз шакли нав ва муосири сайёҳӣ арзёбӣ мегардад. Таваҷҷуҳ ба ин навъи сайёҳӣ афзудааст. Зеро меваҳои шаҳдбор ва аз лиҳози экологӣ тозаи Тоҷикистон, аз ҷумла ангур, шафтолу, зардолу, гелос, себ, нок ва ҷамъоварии онҳо бевосита дар боғҳо, сабзавоти тару тоза, маҳсулоти полезӣ, чун харбузаю тарбуз, меваи хушк, асали болаззаттарин, афшураи меваю сабзавот ва дигар маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тоза заминаи рушди сайёҳии кишоварзӣ ё худ агротуризм ба шумор мераванд.

Сайёҳии гастрономӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бомаром рушд меёбад. Эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба рушди сайёҳии гастрономӣ заминаи мусоид гузошт. Хӯрокҳои миллии тоҷикӣ аз нав эҳё гашта, сайёҳони дохилию хориҷӣ аз лаззати таомҳои миллӣ баҳра мебаранд.

Яке аз ҷаззобияти асосии саёҳати гастрономӣ дар Тоҷикистон - ин хӯрокҳои наврӯзӣ, аз ҷумла суманак ва ҳафтсину ҳафтшин, ки дар ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ омода карда мешаванд, ба шумор меравад. Наврӯз ҳамчун бренди сайёҳӣ муаррифӣ шудааст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон, Сада, Тиргон, асал, себ, каду ва дигарон ҳамчун бренди сайёҳӣ бо мақсади ҷалби бештари сайёҳон тарғиб гардида истодаанд.

Тоҷикистон чун макони зисти гӯсфандони кӯҳии Марко Поло (архарҳо) шинохта шуда, барои рушди сайёҳии шикор мувофиқ арзёбӣ мегардад. Ғайр аз ин, дар ҳудудҳои табиии ҳифзшавандаи мамлакат навъҳои гуногун ва нодири ҳайвонот мавҷуданд, ки ҳазорҳо дӯстдорони шикорро ҷалб менамоянд.

Ҳифз ва популятсияи гӯсфанди Марко Поло, бузи пармашох, гавазни кӯҳии бухороӣ, хирси бӯр ва дигар намуди ҳайвоноти нодир имкон медиҳад, ки дар ҷумҳурии мо шикори ин навъи ҳайвонот ба роҳ монда шавад.

Масоҳати ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаи Тоҷикистон 3,1 миллион гектар буда, дар онҳо 4 мамнӯъгоҳи табиии давлатӣ, парки табиӣ, парки табиӣ-таърихӣ, Парки миллии Тоҷикистон, 2 филиали Парки миллӣ, 13 парваришгоҳ, 37 ёдгории табиӣ ва дигар объектҳо доман густурдаанд. Айни замон дар мамнӯъгоҳҳо, паркҳои табиӣ ва парваришгоҳҳои кишвар 85 намуди ҳайвони нодир, ба монанди озодапаланг, гурги сурх, оҳуи бухороӣ, ғизол, гӯсфанди кӯҳии бухороӣ, архар, бузи пармашох, ҷайрон, силовсини туркистонӣ, ки сайёҳон махсусан ба дидани онҳо мароқи зиёд доранд, ҳифзу нигаҳбонӣ мешаванд.

Миёни ин объектҳо Парки миллии Тоҷикистон бо ҳашамату зебоӣ, ёдгориҳои таърихӣ ва набототу ҳайвоноти нодир дар Осиёи Марказӣ беназир мебошад. Ин макони афсонавӣ дар қисмати марказии Помиру Олой ҷойгир буда, масоҳаташ 2,6 миллион гектарро ташкил медиҳад ва соли 2013 ҳамчун мавзеи нодири табиӣ ба Феҳристи ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил гаштааст. Ва бояд гуфт, чунин мавзеъҳои зебову диданӣ дар Ватани маҳбубамон кам нестанд, ки мамнӯъгоҳҳои “Даштиҷум”, “Ромит”, “Бешаи палангон” бо табиати нотакрорашон аз ин қабиланд.

Ҷиҳати инкишофи сайёҳии зимистона дар минтақаҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ инфрасохтори он минтақа нақши муҳим дорад.  

Барои рушди ин намуди сайёҳӣ маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафеддара» аз меҳмонхонаи 4-ошёнаи замонавӣ, нуқтаи нигоҳдории барфгардҳо, тарабхонаю марказҳои савдо ва мавзеъҳои лижаронию барфгардӣ иборат аст. Дар маҷмаа инфрасохтори иловагӣ, аз қабили айвони кушодаи барбекю, мағозаҳои хӯроквориву фурӯши асбобу лавозимоти лижаронӣ, нуқтаҳои иҷораи лавозимоти лижаронӣ, барфгард ва ғайра сохта шудаанд, ки ба хизматрасонии босифати сайёҳон мусоидат менамоянд.

Барои рушди сайёҳии байналмилалӣ дар мамлакат тибқи ҳадафи “Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” меъёрҳои қабулшудаи байналмилалӣ дар соҳаи сайёҳӣ дар амал татбиқ гардида, имконоту бартарияти кишвар ҳамчун бренди сайёҳии ҷумҳурӣ васеъ тарғибу ташвиқ мегардад.

Назарсанҷиҳо вобаста ба арзёбии Тоҷикистон ҳамчун кишвари сайёҳӣ аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва воситаҳои ахбори оммаи ҷаҳонӣ.

Тоҷикистон кишвари ҷолиби диққати дӯстдорони сайру саёҳати ҷаҳониён гашта, бо симои кишвари амну осоишта дар замони соҳибистиқлолӣ дар минтақа беҳтарин имкониятро барои рушди сайёҳӣ соҳиб гардид ва мувофиқи иттилои созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ шабакаҳои хабарии ҷаҳонӣ мавқеи намоёнро касб намуда истодааст:

Дар ҳошияи Намоишгоҳи ҷаҳонии сайёҳии Берлин — 2018 маросими супоридани ҷоизаи «100 самти беҳтарин пешоҳангони глобалӣ дар ҳифзи фарҳанги миллӣ, анъана ва ҷалби мардумон ба соҳаи туризм дар соли 2018» баргузор гардид. Минтақаи баландкӯҳи Бадахшони Тоҷикистон ба ин садгона ворид шуда, дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси ором ҷои аввалро сазовор шуд.

Агентии таҳлилии «ТурСтат»-и Россия аз рӯи натиҷаҳои соли 2017 раддабандии кишварҳои сайёҳии хориҷиро таҳия карда, кишварҳои барои сайёҳони Россия маъруфтарини сайёҳии хориҷиро дар соли 2017 муайян намуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба феҳристи 50 кишвари хориҷии барои сайёҳони Россия маъруфтарин ТОР-50 ворид гардид.

Бино ба натиҷаҳои назарпурсии агентии таҳлилии «ТурСтат»-и Россия, пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ба қатори 10 шаҳри дар айёми баҳор ва тирамоҳ барои сайёҳӣ муносиби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шомил гардид.

Тибқи натиҷаҳои соли 2018, Тоҷикистон дар раддабандии афзоиши сафари сайёҳӣ аз рӯи маълумоти Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ (UNWTO) ҷойи аввалро ишғол намуд.

Аз ҷониби Созмони ҳамкории иқтисодӣ шаҳри Душанбе “Пойтахти сайёҳии кишварҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ барои солҳои 2020-2021” интихоб гардид.

Дар соли 2019 тибқи назарсанҷии Агентии иттилоотии «ТурСтат» пойтахти Тоҷикистон–шаҳри Душанбе ба даҳгонаи беҳтарин шаҳрҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои саёҳати тирамоҳӣ шомил гардид.

Яке аз расонаҳои бренди сайёҳии ҷаҳонӣ «AFAR» Тоҷикистонро тибқи натиҷаҳои соли 2018, аз рӯи афзоиши шумораи сайёҳон (190,1 фоиз зиёд) дар ҷойи аввал қарор дод.

Маркази таҳлилии амрикоии «Gallup» дар пайи як назарпурсии шаҳрвандони 142 давлати дунё, Тоҷикистонро дар зинаи дуюми ҷадвали амнтарин кишварҳои олам ҷой дод.

Рӯзномаи машҳури бритониёии «The Telegraph» дар шумораи 16 августи соли 2019 таҳти унвони «Шаҳри гумшуда пайдо шуд. Бостоншиносон «Мачу-Пикчу»-и Тоҷикистонро кашф карданд» мақола нашр намуд. Дар мақолаи болозикри «The Telegraph» дар бораи кофтукови шаҳри бостонии Карон дар қаламрави Тоҷикистон, ки чанд сол пеш аз ҷониби бостоншиносони Тоҷикистон кашф карда шуд, сухан меравад.

«Кохи Наврӯз»-и пойтахти Тоҷикистон ба сифати муъҷизаи муосир муаррифӣ гардида, ба қатори 8 муъҷизаи Созмони Ҳамкории Шанхай пазируфта шуд.

Дар соли 2019 расонаҳои хориҷӣ, аз ҷумла, расонаҳои маъруфи давлатии Федератсияи Россия-ТАСС, Ӯзбекистон-«УзА», Қирғизистон-«Кабар» доир ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон, табиати нодиру нотакрор, обҳои мусаффо, манзараҳои зебо, маконҳои таърихию фарҳангӣ мавод нашр намуда, Тоҷикистонро кишвари дорои иқтидорҳои бузурги сайёҳӣ дар оинаи бозори байналмилалии сайёҳӣ арзёбӣ намудаанд.

Соҳаи сайёҳии Тоҷикистон ғолиби ҷоизаи бонуфузи тиҷорат дар ҷаҳон - «The BIZZ Business Excellence Award 2019» гардид.

Тоҷикистон тибқи назарсанҷии маҷаллаи байналмилалии бонуфузи “Lonely Planet” байни 10 минтақаи беҳтарини саёҳат ва сафар ба Шоҳроҳи Абрешими Осиёи Марказӣ дар мақоми аввал қарор гирифт.

Маҷаллаи сайёҳии британиявии “Вандерласт” (“Wanderlust”) дар соли 2020 пиряхи “Федченко”, “Гармчашма”, “Искандаркӯл, кӯли “Сарез”, долони “Вахон”, “Қарокӯл” ва “Чапдара”-ро ҳамчун 7 мӯъҷизаи табиӣ муаррифӣ карда, барои боздиди сайёҳон тавсия дод.

Ассотсиатсияи саёҳати кишварҳои ҳавзаи Уқёнуси Ором (PATWA), ки яке аз ташкилоти бонуфузи ҷаҳонӣ дар соҳаи сайёҳӣ эътироф шудааст, моҳи марти соли 2020 Ҷумҳурии Тоҷикистонро кишвари устувор ва осебнопазир барои саёҳат эълон намуд.

Моҳи январи соли 2021 маҷаллаи бонуфузи Шоҳигарии Британияи Кабир “The Travel Magazine” дар бораи мавзеъҳои ҷаззоби сайёҳии Тоҷикистон мақола нашр намудааст, ки тибқи мақолаи мазкур Тоҷикистон дорои имкониятҳои фаррохи сайёҳии байналмилалӣ буда, баъзеи онҳо қобили ворид намудан ба феҳристи мероси ғайримодии ҷаҳонии ЮНЕСКО мебошад (дар мисоли Қалъаи Ямчун ва шаҳри қадимаи Панҷакент).

Эълон гардидани шаҳри Душанбе ҳамчун “Пойтахти сайёҳӣ”- и Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ дар соли 2020-2021” ва дар доираи ин иқдом ба табъ расидани 500 нусха шумораи махсуси маҷаллаи «ECO Heritage» бо забони англисӣ, ки муарррифкунандаи дастовардҳою имконоти сайёҳии шаҳри Душанбе ба ҳайси пойтахти сайёҳии минтақаи ЭКО барои солҳои 2020-2021”.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg