Дидори сафири Тоҷикистон бо сафирони Қирғизистон ва Озарбойҷон

08.07.2026 13:41

Сафири Тоҷикистон дар Кувайт Хусрав Нозирӣ, дар идомаи фароянди шиносоӣ бо ҳайати дипломатии муқими Кувайт, 8 июли 2026 бо сафири Қирғизистон Нурлан Токобаев ва сафири Озарбойҷон Эмил Каримов дидору гуфтугӯҳои ҷудогона анҷом дод.

Дар он ду мулоқот, ки дар фазои самимона баргузор шуданд, тарафҳо дар бораи тақвияти ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ байни аъзои ҳайати дипломатии муқим дар Кувайт ва масъалаҳои дигари мавриди эҳтимоми муштарак мубодилаи афкор намуданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg