Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Вазири дифои Давлати Кувайт

29.07.2019 14:48

29 июли 2019 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдзода Зубайдулло бо Муовини аввали Раиси Шӯрои вазирон ва Вазири дифои он кишвар Шайх Носир ас-Сабоҳ мулоқот намуд.

Дар он мулоқот масъалаҳои ҳамкории ду кишвар дар арсаҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ гардида, перомуни масоили минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg