2 феврали 2020 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо Дабири кулли Шӯрои миллии фарҳанг, адабиёт ва санъати Давлати Кувайт Комил ал-Абдулҷалил мулоқот намуд.
Ҷонибҳо ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи илму фарҳанг, баргузории чорабиниҳои муштарак ба мақсади муаррифии фарҳангу тамаддуни кишварҳои ҳамдигар ва табодули сафарҳои ҳайатҳои ҳунариро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҷонибҳо аз сатҳи ҳамкориҳои фарҳангӣ изҳори қаноатмандӣ карда, зарурати беш аз пеш тақвият ва густариши ҳамкориҳоро таъкид намуданд.