8 июни соли 2020 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо Роҳбари ташкилоти хайриявии “Салом” Набил Ал-Авн баргузор гардид, ки дар рафти он ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бар зидди коронавируси нав COVID-19 баррасӣ шуд.
Қобили қайд аст, Набил Ал-Авн омодагии худро ҷиҳати расонидани кумак ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мубориза бо сирояти коронавируси нав COVID-19 иброз намуд.