Ҳамкасбони гиромӣ,
Ҳайати намояндагиҳои дипломатӣ дар Тоҷикистон ва Кувайт,
Дӯстони азиз,
Ҳамдиёрони арҷманд,
Бо изҳори хушнудӣ ва масаррат эълом медорам, ки имрӯз 31 марти соли 2020 биступанҷумин солгарди истиқрори робитаҳои дуҷонибаи дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт таҷлил мегардад.
Ба муносибати ин рӯйдоди муҳим дар таърихи навини равобити тарафайн миёни ду кишвари ба ҳам дӯст, рисолати инсонии худ медонам, ки ҳамкасбон ва ходимони дипломатии Тоҷикистону Кувайтро, ки дар гузоштани санги нахустини бунёди ҳамгироӣ ва ҳамёрии густурда дар масири таърихи робитаҳои дуҷониба саҳми бориз ва арзишманд доштаанд, бо гуворотарин таманниёт самимона шодбош гӯям.
Ба шарофати иродаи қавӣ, тасмиму талошҳои устувори сарони ҳар ду давлатҳои дӯст ва бародар – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Амири Давлати Кувайт Аълоҳазрат Сабоҳ ал Аҳмад aл Ҷобир ас Сабоҳ дар партави эътирофи соҳибихтиёрии давлатҳо пояи мустаҳками риштаҳои ногусастании дӯстӣ байни мардумони онҳо 25 сол муқаддам гузошта шуд.
Аз лаҳзаи роҳандозии робитаҳои дуҷонибаи дипломатӣ миёни ду кишвар то имрӯз, ҳамкории густурда ва шарикии Тоҷикистону Кувайт сатҳ ва мазмуни олӣ касб намудаанд.
Ба ифтихори таҷлили 25-умин солгарди истиқрори робитаҳои дипломатии Тоҷикистон ва Кувайт ин фурсатро ғанимат дониста, ба аҳли дӯстон, ҳамкасбон ва ходимони давлатӣ, ки дар такмили мазмун ва сатҳу дараҷаи муносибатҳои дуҷониба байни ду кишвари дӯст ва бародар саҳми худро дареғ надоштаанд, арзи сипос менамоям.
Умедворам муносибатҳоӣ дӯстӣ ва ҳамкориҳои фарогир миёни ду кишвар минбаъд густариши тоза касб намуда, ба нафъи рифоҳу некӯаҳволии бештари мардумони Тоҷикистону Кувайт хидмат хоҳанд намуд.
Дӯстии мардумони Тоҷикистону Кувайт поянда бод!
25 солагии истиқрори муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Кувайт муборак бошад!
Бо орзумандиҳои нек,
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар Давлати Кувайт
Зубайдулло Зубайдзода