Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Др. Зубайдулло Зубайдзода бо Сафири Шоҳигарии Белгия дар Давлати Кувайт Лео Питерс мулоқот намуд. Зимни мулоқот, ки дар фазои дӯстона баргузор гардид, ҷонибҳо масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои гуногун баррасӣ карданд.