23 сентябри соли 2020 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Др. Зубайдулло Зубайдзода бо Сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон Сиби Ҷорҷ анҷом ёфт.
Зимни мулоқот, миёни ҷонибҳо масъалаи густариши муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои мухталифи ҳамкорӣ, мавриди муҳокима қарор гирифт.
Ҳамчунин, дар рафти мулоқот, табодули афкор роҷеъ ба вазъи кунунӣ атрофи паҳншавии сирояти коронавирус сурат гирифт.
