Вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт Шайх Аҳмад Носир ал-Муҳаммад ас-Сабоҳ ба унвони Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Сироҷиддин Муҳриддин номаи табрикӣ фиристод

11.11.2020 13:58

Вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт Шайх Аҳмад Носир ал-Муҳаммад ас-Сабоҳ ба унвони Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Сироҷиддин Муҳриддин ба муносибати аз нав интихоб гардиданаш ба ин мансаби пурмасъулият номаи табрикӣ фиристод, ки дар он омадааст:

“Бародари азиз,
Сарфарозам, ки Шуморо ба муносибати аз нав таъин гардиданатон ба мансаби Вазири корҳои хориҷии кишвари ба мо дӯст – Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда, омодагии хешро барои ҳамкории муштарак ҷиҳати боло бурдани сатҳи муносибатҳои ду кишвари дӯст дар арсаҳои гуногун изҳор намоям.
Дар охир ба Шумо дар иҷрои вазифаи пурмасъул тавфиқу комёбӣ, ба кишвар ва мардуми дӯст пешрафт ва шукӯфоии беш аз пеш орзумандам”.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg